Ба гуфтаи як ҳамсуҳбати мо аз вилояти Дашоғузи Туркманистон, ахиран дар муассисаҳои давлатии ноҳияҳои Сафармурод ва Акдепеи ин вилоят бо баргузории ҷаласаҳои махсус ба кормандони онҳо ҳушдор дода шудааст, ки фарзандони худро ба боғча баранд.
"Вале бештари волидон гуфтанд, ки пул надоранд ва худ ба зур зиндагӣ мекунанд. 80 манат ҳам хеле пули калон аст. Барои баъзе аз оилаҳо ин маблағ ними буҷаи якмоҳаи хонавода аст", - афзуд ӯ.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, баъди болоравии нархи хидматрасонии боғчаҳо шумори кӯдакон дар муассисаҳои томактабии Туркманистон то рафт камтар мешавад.
"Агар пештар ба боғча 200 кӯдак мерафт, ҳоло шумори онҳо то ба 15 нафар коҳиш ёфтааст. Онҳо ҳам кӯдакони кормандони буҷавӣ ҳастанд. Бештари волидоне, ки дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунанд, баъди болоравии пули боғча маҷбуранд, кӯдаконашонро бо худ ба саҳро баранд", - изҳор дошт манбаъ.
Пештар хабар доданд, ки дар Туркманистон аз 1 ноябр пули моҳонаи боғчаҳо аз 8 то ба 80 манат, яъне даҳ баробар боло хоҳад рафт.