"Дар миёни онҳо зани 29-сола, сокини шаҳри Урали Қазоқистон ҳамроҳ бо чаҳор фарзанди хурдсолаш ҳаст", - гуфт Жайнаков дар суҳбат бо рӯзноманигорон дар шаҳри Остона.
"Дар фурудгоҳи шаҳри Грозний онҳоро масъулони сафорати Қазоқистон дар Русия пешвоз гирифтанд. Рӯзҳои наздик ба ватан интиқол хоҳанд ёфт. Мо ба ҷониби Русия ва раҳбарияти Чеченистон ба хотири берун овардани шаҳрвандони Қазоқистон аз Сурия миннатдорӣ баён мекунем", - изҳор дошт сухангӯи ВКХ Қазоқистон.
Мақомоти Чеченистон пештар хабар доданд, ки даҳҳо шаҳрванди Русия аз Сурия ба Грозний оварда шуданд ва миёни онҳо шаҳрвандони Қазоқистон ва Ӯзбекистон низ ҳастанд.
Ба ҳисоби мақомоти Қазоқистон, дар ҷангҳои Ироқу Сурия беш аз сад шаҳрванди ин кишвар иштирок дошта, даҳҳо зани қазоқ ҳамроҳи фарзандони худ низ дар он давлатҳо қарор доранд.