Мақомот муовини аввали ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро ба он айбдор карданд, ки ӯ охири моҳи августи соли равон гӯё барои шомил кардани як довталаб ба сафи донишҷӯён 16 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардааст. Як манбаи огоҳ аз парванда рӯзи 14-уми ноябр гуфт, Дилшод Солеҳови 45-сола ба падари довталаб ваъда кардааст, ки ӯро ҳамчун “донишҷӯи хориҷӣ” бидуни имтиҳони Маркази тестӣ донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон хоҳад кард.
Шодӣ Сафаров, яке аз пайвандони Дилшод Солеҳов гуфт, ҳукми додгоҳро қабул надоранд ва ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят мебаранд. Ба гуфтаи ӯ, “ҳасудон муваффақияти Дилшодро, ки ҳамчун олими ҷавон дар дохилу хориҷ шӯҳрат пайдо карда буд, дида натавонистанд ва ӯро мавриди тӯҳмат қарор доданд.” Ӯ афзуд, “амалан Дилшод он ҷавонро донишҷӯ накардааст ва пулро ҳам бо он мақсад нагирифтааст. Чанд далели бегуноҳии Дилшод ҳаст, ки додгоҳ онро ба инобат нагирифт. Умедворем, суди зинаи болоӣ онҳоро ба эътибор хоҳад гирифт”.
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ки масъулашро барои “кашфи нави роҳи пора гирифтан” боздошт карданд, аз маъруфтарин донишгоҳҳои кишвар маҳсуб мешавад. Дар ин донишгоҳ беш аз 6 ҳазор донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки дар миёни онҳо наздики 600 донишҷӯи хориҷӣ ҳастанд.