- «Бахшишро набояд Отамбоев бипурсад». Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ки охири ин моҳ курсии роҳбариро тарк мекунад, гуфт, тасмим надорад аз "ҳамсояи сарватманд" бахшиш пурсад (видео)
- "Ман ҳаққи иштибоҳ карданро надорам": аккоси шахсии президент дар бораи фаъолияташ. Султон Досалиев шаш сол ҳар як қадами президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро акс бардоштааст: аз мулоқотҳои расмӣ то чорабиниҳои хонаводагӣ ва бозӣ бо набераҳо дар либоси хонагӣ (видеои Настоящее время)
- Худкушии Зоҳирамоҳ - ҳосили сахтгирии бемавриди волидайн? Худкушии як донишҷӯи тоҷик ҳамдарсҳо ва устодонашро ҳайратзада кардааст. Онҳо гуфтанд, ки бо гузашти панҷ рӯз маълум нест, чаро Зоҳирамоҳ Холбоева қасд ба ҷони худ кард (видео аз Директ)
- Аз тири низомиён се манзил дар Шаҳритус осеб диданд. Дар натиҷаи расидани тири низомиёни СПАД ба макони зисти сокинони ноҳияи Шаҳритус, девору бомҳои сокинони се ҳавлии маҳаллӣ осеб дидаанд. Ҳодиса рӯзи 11 ноябр рух дода, мақомоти Шаҳритус ба сокинон гуфтаанд, ки ҷуброни молии хисороти ҷабрдидаҳоро пардохт мекунанд (видео аз Директ)
- Ҳамсари як узви гурӯҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" мегӯяд, ки аз хобгоҳ берунаш карданд. Ду моҳ аст, ки бисоти хонаи Дилбар Гургова дар роҳрави яке аз баландошёнаҳо дар ҷануби Душанбе паҳну парешон мондааст. Дилбар, ҳамсари Амруллоҳ Нуров, яке аз аъзои гурӯҳи маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим" аст. Шавҳари ӯ ду сол пеш ба ҷурми ҳамдастӣ дар ин ошӯб 23 сол зиндонӣ шуд (видео аз Директ)
- Намозгузорон:"сарнавишти ҳар имом-хатиб дар алоҳидагӣ ҳал шавад". Намозгузорон дар Душанбе мегӯянд, дастури аз кор ихроҷ намудани имом-хатибҳое, ки дар хориҷа маълумот гирифтаанд, набояд ҳамаро фаро гирад ва"сарнавишти ҳар имом-хатиб дар алоҳидагӣ ҳал шавад" (видео)
- Иҷлосияи Хуҷанд: Чеҳраҳо ва баҳсҳои 25 соли пеш. Аз замони баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон 25 сол гузашт. Иҷлосияе, ки барои низоми сиёсии кишвар тарҳи нав дарандохт. Нишасте, ки қарор буд, аз бурузи даргириҳо ҷилавгирӣ кунад, аммо доманаи ҷанги дохилии Тоҷикистон густардатар шуд (видео)
- Сӯҳробу Фаррух кори муҳоҷиронро осон карданд. Фаррух ва Сӯҳроб аз ноҳияи Файзобод дар Русия мисли садҳо ҳазор ҷавони дигар ба таъмири хона машғуланд ва ё дар сохтмонҳо кор мекунанд. Барои осонтар кардани таъмир, асбобе сохтаанд, ки имкон медиҳад, корашонро зуд тамом кунанду вақти дамгирӣ дошта бошанд (видео)
- Отамбоев ИИАО-ро танқид кард (видео аз Директ)
- Табаддулот дар Зимбабве: чаро низомиҳо Роберт Мугаберо аз мақом барканор карданд (видео аз Директ)
- Сафири Русия дар ИМА хабарнигорони RT-ро "дӯстон" ва "ҳамкорон" меномад (видео)
- "Ҳеч касе аз мо намехост чунин қарор қабул кунад": Дума иҷозат дод, ки расонаҳо агентҳои хориҷӣ эътироф шаванд (видео аз Директ)
- Роберт Мугабе ба Путин: "Шумо зери таҳримҳо, мо ҳам зери таҳримҳо, бояд дар якҷоягӣ пойдор бимонем" (видео аз Директ)
- Соли 2018 барои иқтисоди ҷаҳон чӣ гуна хоҳад буд (видеои Настоящее время)