Аз ҷумла, Идораи оби вилояти Марии Туркманистон бояд то охири соли равон 50%-и кормандонашро ихтисор кунад. Шумори кормандони корхонаҳои нафту гази Туркманистон низ коҳиш дода мешавад.
Бино ба хабарҳо, бештари идораҳои нафту гази минтақавии Туркманистон аз моҳи декабр барҳам мехӯранд ё шумори кормандонашон коҳиш меёбад. Раҳбари корхонаҳо умедворанд, ки як қисми кормандони ботаҷрибаи худро барои кор ба вилояти Балкан хоҳанд фиристод. Дар Балкан бузургтарин корхонаҳои коркарди нафту гази Туркманистон ҷойгиранд. Онҳо аллакай аз ширкатҳои давлатии "Туркмангаз" ва "Туркманнафт" дастур гирифтаанд, ки барои коргарони нав шароити корӣ ва зистро фароҳам кунанд.
"Ибтидои моҳи ноябр сеяки кормандони ширкатҳои "Гамишлиджанебит" ва "Гумдагнебит" ба таври хатти тасдиқ кардаанд, ки дар робита ба ихтисори кормандон аз 1 январи соли 2018 огаҳ карда шудаанд. Бар пояи қонунгузории Туркманистон, бояд ба ин кормандон ҷубронпулӣ дар ҳаҷми ду маош пардохт карда шавад. Шояд аз кормандон барои он баёнот гирифтанд, ки ин ҷубронро напардозанд", - гуфт шореҳ аз Туркманистон Амонмурод Бугаев.