Ссылки доступа

Се манзил дар Шаҳритус аз тири "дайду" зарар дид (видео)


Тири зиреҳпӯши низомиёне, ки дар "Ҳарбмайдон" тамрин мекарданд, ба манзили се сокини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон зарар расондааст. Мақомоти ноҳияи Шаҳритус ба сокинон гуфтаанд, ки ҷуброни хисоротро пардохт хоҳанд кард.

Ин ҳодиса рӯзи 11-уми ноябр дар деҳаи “Иттифоқ”, даҳкилометрии размоишгоҳи “Ҳарбмайдон”, ба вуқуъ пайваст. Он замон дар “Ҳарбмайдон” нирӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ё ОДКБ тамрин мекарданд. Фарзия ин аст, ки тири "дайду"-и онҳо ба хонаи мардум расидааст.

Саида Қурбонова, сокини деҳаи “Иттифоқ”-и ноҳияи Шаҳритус гуфт, ҳанӯз ба худ наомадааст. Ӯ гуфт, лаҳзае, ки дар хона хамир карда, барои бачаҳояш нон мепӯхт, садои тир ва ларзиши сахти хона ӯро дар ҳолати парешонӣ гузошт.

​Муҳиддин Қурбонов, шавҳари Саида Қурбонова, мегӯяд, лаҳзае, ки тир ба девору боми ин хона бархӯрд, ӯ дар бозор буд. Вақте ба хонааш расид, сарбозони зиёдро дид. “Тиреро, ки аз таҳхонаи ҳавлӣ пайдо шуд, сарбозон бо худ бурданд. Низомиҳо намонданд, ки бибинем. Ҳатто наздик нашудем”, - афзуд ӯ.

Абдураҳим Урунов, раиси ҷамоати "Холматов", ки деҳаи Иттифоқ дар ҳудудаш воқеъ аст, гуфт, бино ба ҳисоби онҳо зарари хонаи Муҳиддин Қурбонов ду ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст ва мақомот ҳозир ҳастанд ин ҷубронро пардохт намоянд.

Тибқи иттилои мақомоти Кумитаҳои ҳолатҳои изтирории ноҳияи Шаҳритус, ҳамин тавр, хонаи ду сокини дигар дар пайи тири низомиён зарар дидааст. Саид Боронов, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Шаҳритус гуфт, эҳтимол ин тири сарбозон аз размоиши "Ҳарбмайдон" буд, ки дар марзи Қубодиёну Шаҳритус, наздик ба марзи Афғонистон ҷойгир аст. Саид Боронов афзуд, ​“ин тири сарбозони СПАД будааст, ки ба се хона зарар расондааст. Ман фикр мекунам, ки тири тонк аст. Ба мо ҳамин гапро гуфтанд.”

Ҳисоб шудааст, ки дар ҳудуди 17 соли ахир аз тири низомиён ҳангоми тамринҳои низомӣ 11 нафар ҷони худро аз даст додааст.

В Шаартузе три дома получили повреждения во время стрельб на полигоне
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:03 0:00
XS
SM
MD
LG