Нахустин суҳбати Путин бо раҳбарони ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск аст, ки расман расонаӣ мешавад. Табодули асирон ташаббуси раҳбари ҳаракати "Интихоби Украина" Виктор Медведчук аст, ки дар зергуруҳи башардӯстонаи гуфтугӯҳои Минск Украинаро намояндагӣ мекунад. Ӯ 15 ноябр дар шаҳри Истраи Русия бо Путин мулоқот кард.
Медведчук аз президенти Русия даъват кард, ки бо раҳбарони ҷудоихоҳон суҳбат кунад, то асиронро "ҳама бо ҳама" иваз кунанд. Ба гуфтаи вай, Украина омодааст, то охири соли равон ҳудуди 300 нафарро озод кунад ва ҳамзамон аз ҷудоихоҳони рӯ ба Русия интизор дорад, ки 74 асирро раҳо намоянд.
Ба ҳисоби Киев, дар ҷумҳуриҳои худхонда на камтар аз 144 шаҳрванди Украина нигаҳдорӣ мешавад. Мақомоти украин тавонистанд, маҳалли нигаҳдории 87-тои онҳоро муайян кунанд. Тайи се соли низои шарқи Украина беш аз се ҳазор шаҳрванди ин кишвар аз асорат озод ё пайдо карда шуданд. Ҳудуди 400 тани дигар беномунишонанд.
Ҷониби Украина ба суҳбати Путин бо раҳбарони ҷудоихоҳон ҳанӯз вокуниш нишон надодааст.