Лоиҳаи қонунро дар порлумон ноиб-сарвазири Қирғизистон Дуйшенбек Зилолиев муаррифӣ кард.
Лоиҳаи қонуни мазкур, ки аз сӯи ҳукумат таҳия шудааст, имкон медиҳад, дар ҳолатҳои зарурӣ ширкатҳои истихроҷкунандаи тило пиряхҳоро об кунанд. Ба вижа, гап дар бораи пиряхҳои Давидов ва Лисий меравад, ки дар наздикии кони Қумтор ҷойгиранд. Баъди қувваи қонунӣ гирифтани тағйироти мазкур, ширкати "Сентерра", ки дар Қумтор ба истихроҷи тило машғул аст, метавонад пиряхҳоро биканад.
Чанде аз экологҳо ва фаъолони маданӣ зидди лоиҳаи қонун баромаданд. Онҳо аз порлумон хостанд, ки тағйироти мазкурро қабул накунад, зеро он метавонад барои вазъи зистмуҳитии минтақа пайомади нохуб дошта бошад.