Ссылки доступа

Отамбоев бо даъвати Путин ба Русия рафт


Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев имрӯз, 17 ноябр дар доираи як сафари корӣ озими Русия шуд. Дар ин бора дастгоҳи президенти Қирғизистон иттилоъ дод.

Отамбоев дар ҷараёни ин сафар дар ифтитоҳи Форуми VI байналмилалии фарҳангии Санкт-Петербург иштирок хоҳад кард. Он дар саҳнаи нави театри Мариинский баргузор мешавад.

Ҳамчунин қарор аст, ӯ бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот ва ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кунад.

Раҳбарони ду кишвар 8 ноябр бо ҳам телефонӣ суҳбат карда буданд. Онҳо масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Қирғизистону Русия ва иҷрои тарҳҳои муштаракро баррасӣ карданд. Он замон Путин Отамбоевро даъват кард, ки дар форум ширкат варзад.

XS
SM
MD
LG