Ссылки доступа

Отамбоев гуфт, Қирғизистон аз Иттиҳоди иқтисодӣ хориҷ намешавад


Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон гуфт, ки кишвараш аз Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) хориҷ намешавад.

"Амалан Қирғизистонро аз ИИАО буриданд. Аммо сарфи назар аз ҳамаи ин мо бояд муносибатҳои бародаронаро бо Русия ҳифз кунем. Ман умедворам, онҳое, ки талош доранд моро ҷудо созанд, фикрашонро тағйир хоҳанд дод. Аммо аз ИИАО мо хориҷ нахоҳем шуд. Раиси иҷроияи ИИАО Петросян ҳеч талоше намекунад, ин ноумедкунанда аст. Дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат тасаввур намекунанд, ки ҳавову ҳаваси як кишвар боиси муҳосираи кишвари дигар бигардад. Ин муҳосира на танҳо ба Қирғизистон зиён мерасонад, балки обрӯи ИИАО-ро мебарад. Дар ин бора бояд раиси иҷроияи ИИАО биандешад", - гуфт Отамбоев.

Пештар аз ин Отамбоев гуфта буд, ки муносибатҳо бо Қазоқистон муътадил мешаванд, ин ба нафъи худи Қазоқистон аст. Ба гуфтаи вай, бовар дорад, ки рафтораш дуруст буд, то ин ки дар оянда дар интихоботҳои президентӣ ва порлумонӣ "касе натавонад ба корҳои мо дахолат кунад".

Сар аз 10 октябр Қазоқистон назорати марзиро шадид кард. Ин боиси навбатпоии тӯлонӣ дар марзи ду кишвар шуд. То он замон Отамбоев мақомоти Қазоқистонро барои дахолат кардан дар интихоботи президентии Қирғизистон танқид карда буд.

XS
SM
MD
LG