Ссылки доступа

Дар Қазоқистон гумонбарони терроризмро 2 моҳ ҳабс карданд


Додгоҳи ноҳияи ал-Форобии Қазоқистон 10 сокини маҳаллиеро, ки дар ҷануби ин кишвар бо гумони таблиғи терроризм ва барангехтани душманӣ боздошт шуданд, ду моҳ ҳабс кард. Дар ин бора додрас Ғанӣ Байаристон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Байаристон, зидди 8 нафари дастгиршуда бо банди "Таблиғи терроризм ё даъвати оммавӣ ба амалҳои террористӣ" ва зидди ду тани дигар барои "ангехтани душманӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Синни боздоштшудаҳо аз 20 то 50 аст.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон 16 ноябр хабар дод, ки дар ноҳияи Сайрами вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ 11 нафарро бо гумони таблиғи терроризм ва барангехтани адоват дастгир кардааст.

Додситонии Қазоқистони Ҷанубӣ низ худи ҳамон рӯз хабар дод, ки 10 тани онҳо бо қарори додгоҳ ҳабс шуданд. Як нафари дигарашон ба далели ноболиғ будан ба ҳабси пешакӣ гирифта нашудааст.

XS
SM
MD
LG