Ссылки доступа

Пажвок: "Марзи Тоҷикистону Афғонистонро тундравону қочоқчиён ноором мекунанд"(гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 20-уми ноябри 2017 (HD)

- Пажвок: "Марзи Тоҷикистону Афғонистонро қочоқчиёну ифротиҳо ноором мекунанд". Пажуҳишгари Институти Сулҳи ИМА Бармак Пажвок мегӯяд, марзи Тоҷикистону Афғонистонро қочоқчиёну ифротиҳо ноором мекунанд. Дар як суҳбати вижа бо Радиои Озодӣ ӯ дар бораи вазъи Афғонистону минтақа паҳлуҳои дигарро низ баҳс кард. (видео)

- Барзу: Агар коргардони “Шоҳ Лир” шавам, мегӯянд, зидди хонаводаи шоҳ мегӯӣ. Барзу Абдураззоқов, ки феълан дар театрҳои Қазоқистон машғули таҳияи намоишномаҳо аст, мегӯяд, ки танҳо бо сохтани биноҳои нави театр дар Тоҷикистон намешавад ин бахши фарҳанги тоҷикро дубора эҳё кард (видео)

- Шералӣ Мирзо: Нагузорем ба қаламрави мо дароянд. Неруҳои СПАД дар марз бо Афғонистон тавони худро дар муқовимат бо гурӯҳҳои тундгаро санҷиданд (видео)

- Ду ҷинс дар як ҷисм – зиндагии дугонаи Сапеда. Сапеда 28-сола аст ва зиндагие, ки ӯ дорад, аз зиндагии ҷавонзанҳои дигар дар Тоҷикистон доранд, фарқ мекунад. Ӯ дуҷинсгаро аст ва дар баробари мард, як занро ҳам дӯст медорад. (видео)

- Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ҳимоят аз ҳуқуқашонро меомӯзанд. (видео)

- Ҳамдеҳагони Сооронбой Ҷээнбеков дар бораи кӯдакӣ ва ҷавонии ӯ. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз зодгоҳи президенти тозаинтихоби Қирғизистон боздид карда, бо ҳамсифону дӯстони кӯдакияш суҳбат кард. (видео)

- Филолог, соҳибкор, бекор: чи гуна зиндагии онҳое, ки 4 сол пеш дар Майдон буданд, тағйир ёфт? 21 ноябри соли 2013 дар шаҳри Киев нахустин ҳамоишҳои эътирозӣ оғоз шуданд, ки дертар онҳоро "Евромайдон" номиданд: украинҳо аз ҳукумати Янукович талаб карданд, ки ба маҷрои пешини ҳамгироӣ бо Аврупо баргардад. Бино ба арзёбиҳои гуногун, он замон беш аз як миллион одам ба Майдон баромада буданд. (видеои Настоящее время)

- Павел Шаройко кӣ аст, чаро ӯ ба ҷосусӣ айбдор мешавад ва инҷо Русия чӣ дахл дорад? Кумитаи амнияти миллии Белорус шаҳрванди Украина Павел Шаройкоро ба ҷосусӣ айбдор кард. (видеои Настоящее время)

- Мугаберо ба истеъфо фиристоданд, вале ӯ мегӯяд, аз мақомаш канор нахоҳад рафт. Ҳизби ҳокими Зимбабве -- ЗАНУ-ПФ ба президенти ин кишвар муҳлат дод, ки то рӯзи душанбе бо хоҳиши худ истеъфо диҳад. Дар сурати ғайр, раванди эълони нобоварӣ ба ӯ оғоз хоҳад шуд (видео аз Директ)

- Яке аз ҷинояткорони маъруфи ИМА Чарлз Мэнсон даргузашт (видео аз Директ)

- Дар Кения аз партовҳо киштӣ месозанд. Танҳо ҳамин тобистон сокинони Кения 22 тона пластика ҷамъ оварданд. Акнун аз он заврақи моҳидорӣ месозанд. Пештар аз чӯбҳои 50-сола заврақ сохта мешуд (видео аз Директ)​

- "Озодиро биқап": карикатураҳои Борис Ефимов. Карикатурист Борис Ефимов ду бор соҳиби ҷоизаи Сталин шуда, унвони Қаҳрамони меҳнат ва узвияти Академияи рассомии СССР-ро низ ба даст овардааст (нигористон)

- Назарбоев ва Отамбоев. Бахши қазоқии Радиои Озодӣ маҷмуаи аксҳои Отамбоев ва президенти ивазнашавандаи Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро нашр кард. (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG