Ссылки доступа

Заҳролудшавии дастаҷамъии хонандагон дар ғарби Қазоқистон


Дар вилояти Қазоқистони Ғарбӣ шаби 20 ноябр 22 хонандаи синфи 6-уми мактаби № 7-и шаҳри Оқсой бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба бемористон интиқол ёфтаанд. Дар ин бора сардори Раёсати тандурустии вилоят Канат Тосекбоев хабар дод.

Табибон ҳанӯз ҳам наметавонанд, бигӯянд, ки хонандаҳои қазоқ аз чӣ заҳролуд шудаанд. Ба гуфтаи Тосекбоев, хонандагон аз дарди шикам шикоят мекардаанд. Кӯдакон мегӯянд, баъди хӯрдани ғизои ошхонаи мактаб ба ин дард гирифтор шуданд.

Сардори Раёсати тандурустии Қазоқистони Ғарбӣ гуфт, субҳи имрӯз 17 хонандаи мазкур аз беморхона ҷавоб дода шуданд. 5 тани дигар ҳанӯз бистарӣ буда, вазъашон “қаноатбахш” арзёбӣ мешавад.

Дар раёсат ваъда доданд, ки нимаи дувуми рӯз натиҷаи озмоишро эълом хоҳанд кард.

Ба огаҳии раёсат, тайи 10 моҳи соли равон дар ҳудуди Қазоқистони Ғарбӣ 228 ҳолати заҳролудшавӣ сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG