Ссылки доступа

Дар порлумони Зимбабве истеъфои президент Мугаберо эълом карданд


Роберт Мугабе

Президенти Зимбабве Роберт Мугабеи 93-сола истеъфо дод. Номаи ӯро дар ин бобат раиси порлумони Зимбабве қироат кард. Мугабе 37 соли ахир Зимбабверо раҳбарӣ мекард. Порлумони ин кишвар 21 ноябр хабар дод, ки раванди эълони нобоварӣ ба Мугабе оғоз шудааст.

Дар номаи Мугабе гуфта мешавад, ӯ омодааст, барои таъмини интиқоли осоиштаи қудрат истеъфо диҳад. Ба иттилои хабаргузории Reuters, дар нома қайд нашуда, ки кишварро кӣ бояд раҳбарӣ кунад. Дар Зимбабве ҳафтаи гузашта низомиён ҳукуматро ғасб карда, президент Мугаберо ба ҳабси хонагӣ гирифтанд.

Ҳизби ҳокими Зимбабве эълом кард, ки тайи ду рӯзи оянда Эммерсон Мнангагва иҷрокунандаи вазифаи президенти ин кишвар таъйин хоҳад шуд. Низомиён баъди он ҳукуматро ғасб карданд, ки Мугабе Мнангагваро аз муовинии худ барканор кард.

Ба иттилои Reuters, анбӯҳи одамон ба кӯчаҳои шаҳри Ҳараре, пойтахти Зимбабве баромадаанд. Бархеи онҳо дар даст аксҳои Мнангагва ва сардори қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар Константино Чивенгиро доранд.

XS
SM
MD
LG