Ссылки доступа

Гуруҳи нави муҳоҷирони боздоштшуда дар Оқсарой ба Душанбе бармегардад


Рӯзи 22 ноябр ба Душанбе гуруҳи 17-нафарии муҳоҷирони тоҷики дар Русия боздоштшуда интиқол меёбанд. Идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, ин нафарон бахше аз даҳҳо шаҳрвандонанд, ки тахминан се ҳафта пеш дар истгоҳи марзии Оқсарои Русия-Қазоқистон аз қатор фароварда шуда, бо далели нақзи муқаррароти Русия ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Ҳоло як гуруҳи дигари 29-нафараи муҳоҷирон мунтазири интиқол ба Тоҷикистон ҳастанд.

Ин афрод баъди судури қарори ихроҷ ҳаққи бозгашт ба Тоҷикистонро ба даст оварданд. Интизор меравад, қатораи муҳоҷирон дар соати тақрибан 17 ба вақти Душанбе ба истгоҳи Роҳи Оҳан бирасад.

Аз рӯзи 2 то 6 ноябр мақомоти марзбонии Русия зиёда аз 180 шаҳрванди Тоҷикистонро ҳангоми бозгашташон ба ватан тавассути се қатори масири Маскав-Душанбе ва Маскав-Хуҷанд аз қатор фароварда, боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG