Ссылки доступа

Санҷиши бакорати хонандагон дар Самарқанд


Духтарони синфҳои болоии мактабҳои миёна ва донишҷӯёни коллеҷҳои вилояти Самарқанди Ӯзбекистонро дастаҷамъона ба ташхиси духтури занона мефиристанд. Ба иттилои як корманд аз ҳукумати вилояти Самарқанд, ин тасмим ба хотири ифшои духтароне рӯи даст гирифта шудааст, ки аллакай робитаҳои ҷинсӣ доранд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, хонандагон ба он хотир ташхис мешаванд, ки "аксари вақт духтарони ҷавон ҳангоми аз даст додани бакорат ё ҳомиладор шудан ба хотири беобрӯ накардани худу наздиконашон, худкушӣ мекунанд". Мансабдор мегӯяд, баъди ташхис бо волидони духтароне, ки бакораташонро аз даст додаанд омӯзгорон, табибон ва равоншиносон суҳбат мекунанд.

Натиҷаҳои ташхис нишон доданд, ки даҳҳо хонанда ҳомиладор ҳастанд. Омӯзгорон ва табибон волидони духтаронро дар ҷараён гузоштаанд.

Аммо хонандагон мегӯянд, онҳоро иҷборан ташхис мекунанд. Як донишҷӯи коллеҷ гуфт, баъди ташхис тамоми донишҷӯён огаҳӣ ёфтанд, ки як ҳамдарсашон ҳомиладор аст.

Тасмими роҳбарони вилоят дар мавриди ташхиси хонандагон баъди суҳбати президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сурат мегирад.

Мирзиёев 9 ноябр ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи шӯрои вакилони мардумии вилояти Самарқанд гуфт, худкушии занону духтарон дар вилоят дар ҳоли афзоиш аст. Ба гуфтаи Мирзиёев, дар чанд вақти охир дар вилоят 145 зан ва духтари ҷавон худкушӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG