Ссылки доступа

Ӯзбекистон бори нахуст ҳаҷми захираи тилои худро эълом кард


Расонаҳо изҳороти муовини аввали раиси Бонки марказии Ӯзбекистон Темур Эшматовро нашр карданд, ки дар он расман ҳаҷми захираи тилои ин кишвар эълом шудааст. Ба гуфтаи Эшматов, ҳаҷми захира дар моҳи ноябри имсол ба 26 миллиард доллар расида, аз моҳи сентябр то ба ҳол 750 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Муовини аввали раиси Бонки марказии Ӯзбекистон мегӯяд, ин маълумот бори нахуст расман эълом карда мешавад, чун пештар он махфӣ дониста мешуд. Ба ҷуз ин, аз моҳи январи соли 2018 тамоми ниҳодҳои давлатӣ, ин гуна маълумотеро, ки пештар махфӣ буданд, расонаӣ хоҳанд кард.

Нашри иттилоъ дар бораи ҳаҷми захираи тилои Ӯзбекистон, ки пештар махфӣ буд, имкон медиҳад, сарватмандтарин кишвари Осиёи Марказиро муайян кард. Дар ҳоли ҳозир, аз нигоҳи ҳаҷми захираи тило Қазоқистон дар мақоми аввал, Ӯзбекистон дар мақоми дувум ва Тоҷикистон аз ҳама поин қарор дорад.

Захираи тило дороие ҳаст, ки онро бонкҳои марказии кишварҳо назорат мекунад. Ин захира аз асъори хориҷӣ, коғазҳои қимматнок ва тило иборат буда, барои иҷрои масъулиятҳои хориҷӣ ва ба эътидол даровардани қурби асъор лозим аст.

XS
SM
MD
LG