"Пинҳон нахоҳам кард - Русия ва Чинро. Мо чунин зарбулмасал дорем, ки аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳ. Амаки Сэм шояд хеши мо набошад, аммо кумак кардааст. Сарфи назар аз ин, дар навбати аввал бояд бо ҳамсояҳо дӯстӣ кард, махсусан бо чунин ҳамсояҳои бузург, амсоли Чину Русия. Баъзан баракс. Ман маҷбур шудам муносибатҳоро бад кунам", - гуфт Отамбоев дар маросими эътои ҷоизаҳои давлатӣ.
Соли 2001 дар ҳудуди фурудгоҳи "Манас"-и Қирғизистон дар шаҳри Бишикек, пойгоҳи ҳарбии ИМА таъсис шуд. Соли 2009 ин пойгоҳ ба Маркази ҳамлу нақл табдил шуд. Муҳлати созишномаи дуҷониба соли 2014 ба охир расид ва Қирғизистон онро тамдид накард.