Дар маҷмуъ миёни ин ду кишвар 75 ҳуҷҷат имзо шуд. Ба вижа, дар бахшҳои энержӣ ва кимиёву нафт дар ҳаҷми 2,95 миллиард, дар бахши бонку молия дар ҳаҷми 2,7 миллиард, дар бахши сохтмон ва рушди зерсохторӣ дар ҳаҷми 1,7 миллиард доллар шартнома баст шуд.
Ба ҷуз ин, вазорати тиҷорати хориҷии Ӯзбекистон, ширкати "ГМК Алмалик" ва Донишкадаи филизҳои камёфти Куриё (KIRAM) дар бораи ҳамкорӣ дар бахши фаъолиятҳои илмиву техникӣ ва инноватсионӣ "харитаи роҳ" имзо карданд. Ҳамчунин дигар ниҳодҳои давлатии Куриё барои ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон дар солҳои 2018-2019 созиш карданд.
Куриёи Ҷанубӣ яке аз бузургтарин сармоягузорони Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад. Дар ҳоли ҳозир дар Ӯзбекистон 461 корхона бо сармояи Куриё фаъолият мекунад. Ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар моҳҳои янван-октябри соли 2017 1,3 маротиба афзуда, ба 1,1 миллиард доллар расид.
Сафари Шавкат Мирзиёев ба Куриёи Ҷанубӣ 25 ноябр ба охир мерасад.