Ссылки доступа

Сокини 21-солаи Вахш барои таблиғи ДИ 6 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи вилояти Хатлон сокини 21-солаи ноҳияи Вахш Фирӯз Абдулазизовро барои таблиғи ақидаҳои гуруҳи мамнӯи "Давлати исломӣ" (ДИ) ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ 6 сол зиндонӣ кард.

Абдулазизов ҳафтаи гузашта бар асоси моддаи 307, қисми 2 (даъвати оммавӣ барои фаъолияти экстремистӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор эълом шудааст. Ин сокини Вахшро 15 август замони бозгашт аз Москва боздошт кардаанд.

Як масъули Додгоҳи вилояти Хатлон 22 ноябр гуфт, "айбдории Абдулазизов собит шуд, вале ҳукм ҳанӯз ба иҷро надаромадааст". Ӯ афзуд, ки наздикони Фирӯз то як ҳафтаи дигар фурсат доранд, барои бозбинии ҳукм ба зинаҳои болоӣ муроҷиат кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, гуноҳи Абдулазизов пахши аксу навор ва "лайк"-гузорӣ зери матолиби дорои хусусияти экстремистӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ будааст. "Фирӯз Абдулазизов замони дар Москва буданаш дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” акси парчами ДИ-ро нашр карда, мухотабони худро ба пуштибонӣ аз ақидаҳои ин созмони мамнӯъ даъват кардааст", - афзуд мусоҳиби мо.

Нусратулло Мирзоев, вакили дифои Абдулазизов гуфт, шахси зери ҳимояташ дар додгоҳ гуноҳашро ба гардан гирифтааст.

XS
SM
MD
LG