Ссылки доступа

Баррасии расонаҳо: Младич ва Мянмар. Бомбаҳо барои киштзори кукнор. Фарзандони ДИ ва камарбанди Чин


Ба коршарикон ва обуначиҳо бахши нав - баррасии расонаҳои ҷаҳониро пешниҳод мекунем. Дар ин бахш метавонед мавзуъҳои асосии имрӯзи расонаҳои ҷаҳониро пайдо кунед. Аз Шумо мехоҳем, ба мо нависед, ки оё ин бахш бароятон ҷолиб ва муфид аст ё на? Оё Шумо баррасии расонаҳоро истифода хоҳед бурд? Агар "ҳа", пас фосилаи нашри баррасии расонаҳо бояд чӣ гуна бошад?

Младич ба зиндон, дигарҳо чӣ?

“Генерал Ратко Младич, хунхортарин фармондеҳ дар Аврупо баъди Рейхи Севум, боқимондаи умрашро дар зиндон ба сар хоҳад бурд. Ҳар қарори дигари додгоҳи Гаага ғайри қобили қабул мебуд”, менависад Ед Вуллиами, муаллифи китоб дар бораи Югославияи пешин дар нашрияи The Guardian. Младич фармондеҳи низомист ва ҷойи вай дар зиндон аст, на озодӣ. Вале оё барои амалкардҳояшон фармондеҳони дигар ҳам ҷавоб хоҳанд гуфт?

Ед Вуллиами барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши сулҳ, усқуфи аъзами Кейптаун Десмонд Тутро ба ёд меорад, ки ба додгоҳ ҷалб шудани сарвазири пешини Бритониё Тонӣ Блэр ва президенти пешини ИМА Ҷорҷ Бушро барои маъракаи низомии Ироқ талаб карда буд. Оё нисбати Асад ва Путин ҳам барои ҷанги Сурия ва ё дар нисбати низоми Арабистони Саудӣ, ки гуруҳи террористии “Давлати исломӣ”-ро бо силоҳ таъмин ва Яманро метарконад, адолати додгоҳӣ амалӣ хоҳад шуд? Ҳукми додгоҳ нисбати фаъоли пешини ҳаракати ҳуқуқи инсон Аун Сан Су Чжи низ эълон мешавад? – савол мегузорад муаллифи мақолаи The Guardian.

Поксозии қавмӣ дар Мянмар?

Иёлоти Муттаҳида бори аввал артиши Мянмарро дар “поксозии қавмӣ”-и мусалмонҳо-роҳинҷаҳои иёлати Ракхайн ошкоро айбдор кард. Дар натиҷаи таъқибҳои низомӣ 600 ҳазор одам маҷбур шуданд, хонаҳояшонро тарк кунанд, менависад Le Monde. Ба навиштаи нашрия, СММ ҳанӯз 11 сентябр мақомоти Мянмарро дар “поксозии қавмӣ”-и роҳинҷа айбдор кард, аммо Вашингтон аз истифодаи ин мафҳум худдорӣ меварзид.

“Масъулони ин зулм бояд ҳарчӣ зудтар ҷазо бигиранд”, баён дошт котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон дар мулоқот бо фармондеҳи нерӯҳои Мянмар Мин Аун Хлайн ва роҳбари ғайрирасмии ҳукумати мардумии ин кишвар Аун Сан Су Чжи. “Баъди таҳлили амиқи далелҳо ошкор шуд, ки дар вилояти Ракхайн поксозии қавмии роҳинҷа сурат гирифтааст ва ҳеч чизе наметавонад ин зулмро сафед кунад”, - иқтибос меорад аз суханҳои Рекс Тиллерсон нашрияи Le Monde.

Аз ҳаво ба киштзорҳои кукнор

Таъсиси фронти нави ИМА дар Афғонистон барои маҳв кардани майдонҳои кукнор аз ҳаво, метавонад боиси норозигии аҳолии маҳаллӣ шавад, менависад нашрияи The Times of India бо такя ба коршиносон. Қисме аз ҳавопаймоҳо ва бесарнишинҳои дорои технологияи олӣ ба маҳзи хотима ёфтани амалиёти зидди “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ, ба Афғонистон фиристода хоҳад шуд. “Амрико борҳо бо ифтихор изҳор доштааст, ки технологияи бомбаандози вай бе хато ба ҳадаф зарба мезананд. Аммо аз ҳаво зарба задан, эҳтимол, боиси қурбонии зиёди аҳолии осоишта хоҳад шуд. Дар натиҷа, Амрико онҷое ки бояд дӯстони зиёд касб кунад, душман ба бор меорад”, гуфтааст Андреа Правоз, мудири дафтари созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар Вашингтон.

Аммо Ҷон Ханна, мушовири пешини масоили амниятии ноиб-президент Дик Чейнӣ бар ин назар аст, ки бояд ҳаракати “Толибон” - “империяи мухаддирот” маҳв шавад. “Ҳар гуна барномаи роҳбурдӣ, агар ба ҳадаф расидан хоҳад, бояд чораҳои қатъӣ ва ҷиддиро ҳамроҳ дошта бошад, аз ҷумла бояд душман аз даромадҳои асосиаш маҳрум шавад”, - гуфтааст Ҷон Ханна ба хабаргузории Франс-Пресс.

Сарнавишти фарзандони ДИ

Ҳукумати федеролии Олмон тасмим дорад, фарзандони ҷангҷӯёни олмонии гуруҳи тундгарои “Давлати исломӣ”-ро ба кишвар баргардонад, менависад нашрияи Frankfurter Allgemeine Zeitung. Вазорати корҳои хориҷии Олмон аз ҳукумати Ироқ хостааст, дипломатҳояш ба зиндонҳое дароянд, ки фарзандони ноболиғи ҷангҷӯёни кушташудаи ДИ нигаҳдорӣ мешаванд. Ба иттилои расонаҳои олмонӣ, шаш кӯдаки ноболиғ ҳамроҳ бо модарҳояшон – занҳои ҷангҷӯёни кушташудаи ДИ дар маркази бозпурсии Ироқ ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари Раёсати ҳифзи конститутсия Ханс-Георг Масзен аз эҳтимоли хатари кӯдакони калонсолтари ҷангҷӯён ҳушдор дод. Ба андешаи вай, ин кӯдакон зери таъсири идеологии “ҷиҳодиён” мондаанд. Бо баргаштани онҳо ба Олмон, мумкин аст насли нави “ҷиҳодиён” пайдо шавад, ҳушдор медиҳад Ханс-Георг Масзен.

Камарбанди Чин чӣ ранг дорад?

The Nation дар бораи амалисозии лоиҳаи СРЕС “Долони иқтисодии Чину Покистон” дар доираи ташаббуси Пекин - “Як камарбанд, як роҳ” менависад. Чанде пеш сармоягузории лоиҳа аз 46 миллиард доллар ба 63 миллиард расид. Интизор меравад, тавассути бунёди роҳҳои васеи мошингард ва роҳҳои оҳан шаҳри бандарии Покистон Гварад бо ноҳияи худмухтори Шинҷон-Уйғури Чин васл шавад.

Дар доираи барномаи фарогири “Як камарбанд – як роҳ” лоиҳаи дигар - “Долони Чин-Осиёи Марказӣ” ҳам амалӣ мешавад. Аммо то кунун бисёре аз лоиҳаи бузурги минтақа бо иштироки Чин рӯи коғаз мондаанд, менависад маркази таҳлилии The Jamestown Foundation. Аз соли 2002 то соли 2013 Чину Қирғизистон, ҳадди ақал, ду лоиҳаи сохтмони роҳи оҳанро баррасӣ карданд. Аммо ҳар дафъа ҷонибҳо бо баҳонаҳои гуногун, аз ҷумла баҳонаҳои молӣ, натавонистанд ба созиш расанд. “Душвор аст пешбинӣ кардан, ки оё ташаббуси Пекин дар воқеъ барои ҳамгироии иқтисодии минтақа мусоидат мекунад ва ё дар оянда боиси зиддияти геостратегии кишварҳои Осиёи Марказӣ мешавад”, - менависад The Jamestown Foundation.

XS
SM
MD
LG