Сооронбой Ҷээнбеков дар интихоботи президентии Қирғизистон, ки 15 октябр баргузор шуд, бо ба даст овардани беш аз 54%-и раъйи мардум баранда эълом шуд.
Ҷээнбеков ҳангоми суханронӣ дар маросими савгандёдкунӣ ба Алмосбек Отамбоев миннатдорӣ баён карда, гуфт, дар нахустин фармони худ ӯро бо унвони "Қаҳрамони Ҷумҳурии Қирғизистон" ва ордени "Оқ-Шумқор" қадрдонӣ хоҳад кард.
Вай изҳор дошт, ки ҷонибдори низоми порлумонӣ дар Қирғизистон аст ва роҳеро идома хоҳад дод, ки Отамбоев оғоз кардааст. Дар охир президенти пешин Отамбоев ба президенти нави Қирғизистон дуо дод.