Ссылки доступа

Беш аз 100 мошини борбар дар кони Яғноб дармондааст (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- «Зиндагӣ баъди президентӣ вуҷуд дорад!» Дар бораи ҳаёти баъд аз фарҷоми салоҳиятҳои президентӣ ва чаро ӯро ба маросими савгандёдкунии Сооронбой Ҷеенбеков даъват накарданд. Мусоҳиба бо президенти пешини Қирғизистон Роза Отунбоева (видео)

- Беш аз 100 мошини борбар дар кони Яғноб дармондааст. Мошинҳо, ки барои кашондани ангишт рафта буданд, дар пайи барфбории шадид дармонданд. Онҳо мегӯянд, аз як сӯ барфборӣ ва аз сӯи дигар ба кундӣ пур шудани мошинҳо аз ангишт онҳоро дар нимароҳ гузоштааст (видео)

- Жола дар Ваҳдат. Рӯзи 26-уми ноябр дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Душанбеву Ваҳдат жола борид (видео)

- Хушнуда: "Вақти ширҷӯшӣ аз як сӯ гов мезаду аз сӯи дигар шавҳар". Зани ҷавоне, ки мехост бо партофтани худ аз ошёнаи ҳафтуми бинои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб худкушӣ кунад, қазияро шарҳ дод (видео)

- Даъво барои маош: пули сохтмончиёнро кӣ медиҳад? Даҳҳо коргари як ширкати хусусии сохтмонии мавсум ба “Сохтмони нав” муддати се сол аст, музди маоши худро дарёфт карда наметавонанд (видео)

- Мақомоти Русия духтари шаҳрванди Ӯзбекистонро барнагардонданд. Комисия дар умури ноболиғони шаҳри Клини вилояти Москва қарор кард, Рухшонаи 6-сола ба модараш Фирӯза Уткирова, ки зодаи вилояти Бухорои Ӯзбекистон аст, баргардонида нашавад (видео)

- Волидон дар Қазоқистон талаб доранд, ки "ҷурғот ва кулчақанд"-и ройгон ба хонандагон баргардонида шавад. Ғизои ройгонро барои синфҳои поёнӣ дар Қазоқистон соли 2015 манъ карданд. Он замон президенти Қазоқистон гуфт, "қазоқистониҳо бояд пули ҷурғот ва кулчақандро худ пардозанд". Аммо бо гузашти ду сол аксари волидон мехоҳанд, ба низоми пешин баргарданд (видеои Настоящее время)

- "Дар хонаи онҳо танҳо чою нон аст": дар Бишкек ба киҳо ғизои ройгон медиҳанд. Ҳаракати фудшеринг - ё тақсими ғизо то Бишкек ҳам расид: ихтиёриён шабона ғизоҳои ба фурӯш нарафтаи қаҳвахонаҳо ва тарабхонаҳоро ҷамъ меоранд ва ба ниёзмандон тақсим мекунанд. (видеои Настоящее время)​

- Зодаи Ӯш ва зоотехник: дар бораи президенти нави Қирғизистон чӣ медонем (видео)

- Ариэл Коэн ва вазъи Сурия: Ин пирӯзии ҷиддӣ барои Русияву Эрон аст. Ба ақидаи коршиноси Шӯрои атлантикӣ, ИМА, Арабистони Саудӣ ва Исроил бохтаанд (видео аз Директ)

- ИА ҳаргиз ғасби Қримро эътироф намекунад - Туск. Президенти Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск "хушунат"-и Русияро дар Украина маҳкум кард. Вай гуфт, беҳтарин оянда барои Украина ва кишварҳои дигари минтақа ин муносибати нек барқарор кардан бо Иттиҳоди Аврупост (видео аз Директ)

- Дар Шветсия 700 бозигар эътироф карданд, ки нисбаташон хушунати ҷинсӣ сурат гирифтааст (видео аз Директ)

- Бе хонае ба як ношинос 20 доллари охиринашро дод, дар ҷавоб барои харидани манзили нав барои вай 350 ҳазор ҷамъоварӣ карданд (видео)

- Ҷумъаи сиёҳ. Шуруъи фурӯшҳои арзони солинавӣ (видеои Настоящее время)

- Путин-сулҳхоҳ: дар остонаи интихоботи Русия расонаҳо барои президент имиҷи нав меофаранд (видео)

- "Архипелаг КАРЛАГ". Кушодашавии намоишгоҳи "Архипелаг КАРЛАГ" дар Қарағанда – ёдоварӣ аз хотираи маҳбусони лагерҳои Қазоқистон (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG