Ссылки доступа

Рейд дар қаҳвахонаҳои Тошканд: садҳо нафар боздошт шуданд


Пулиси шаҳри Тошканд дар натиҷаи як амалиёти худ зери унвони "Поккорӣ-антитеррор" дар чанд қаҳвахонаи ноҳияи Челонзори пойтахти Ӯзбекистон садҳо нафарро боздошт кардааст.

Ба огаҳии Раёсати корҳои дохилии Тошканд, пулис 16 фоҳиша, беш аз 300 сокини бе қайди будубош ва як шаҳрванди хориҷиро дастгир кардааст, ки дар пайгарди байнидавлатӣ қарор дошт. Ҳамчунин шаби 25 ноябр чанд қаҳвахонаи Тошканд низ баста шудаанд.

"Ҳангоми санҷиш 45 кас барои таъйини шахсият ба шуъба интиқол ёфтанд. Тавре маълум гашт, 16 нафари онҳо заноне будаанд, ки ба танфурӯшӣ даст мезадаанд. Зидди онҳо бо бандҳои Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ санад тартиб дода шуда, ҳамаашон ба Маркази тавонбахшии РКД Тошканд интиқол ёфтанд", - омадааст дар иттилоияи пулис.

Ҳамчунин дар назди қаҳвахонаи "Jaguar" 5 нафаре дастгир шуданд, ки баъди нӯшидани нӯшокии спиртӣ бо ҳам баҳс карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекарданд. Ба ҷуз ин, пулис 363 сокини вилоятҳои Ӯзбекистонро дастгир кардааст, ки бе қайди будубош ва қарордоди расмӣ дар Тошканд кору зиндагӣ мекарданд.

"Маълум гашт, 17 соҳибхона бе имзои қарордод хонаҳои худро ба иҷора медодаанд. Зидди онҳо низ санади маъмурӣ тартиб дода шуд", - мегӯяд РКД Тошканд. Дар доираи амалиёти "Поккорӣ-антитеррор" дар пойтахти Ӯзбекистон як шаҳрванди Қирғизистон низ дастгир шудааст, ки бо гумони куштор таҳти пайгард буд.

XS
SM
MD
LG