Ссылки доступа

Намояндагони Асад ба гуфтугӯи Женева рафтанӣ нестанд


Стаффан де Мистура
Стаффан де Мистура

Ҳайати ҳукумати Сурия гуфтааст, ки барои гуфтугӯ бо намояндагони мухолифони ин кишвар ба шаҳри Женева нахоҳад рафт. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо истинод ба нашрияи ҳукуматии "ал-Ватан"-и Сурия иттилоъ дод.

Ба иттилои "ал-Ватан", ин тасмим баъди изҳороти муштараки намояндагони мухолифони Сурия гирифта шуд, ки гуфтанд, президент Башор Асад бояд то оғози давраи гузариш истеъфо диҳад.

Фиристодаи махсуси СММ дар Сурия Стаффан де Мистура тасмими ҳайати ҳукумати Сурияро шарҳ надод. Дар дафтари де Мистура гуфтанд, даври навбатии гуфтугӯи намояндагони мухолифон ва ҳукумати Сурия тибқи нақша, 28 ноябр баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG