- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 27-уми ноябри 2017 (HD)
- Созиши “Агроинвестбонк” ва 2 ширкати сохтмонӣ. Ширкатҳои “Бунёдгар” ва “Империя Востока” - фармоишгарони сохтмони як манзили 12-табақа дар хиёбони Рудакӣ ба таҳияи санадҳои соҳибони ин манзил, ки аз ҳудуди 100 хонавода иборат мебошад, шуруъ карданд (видео)
- "Ман бо духтарам ифтихор мекунам". Давлаталӣ Шарифов, як сокини шаҳри Душанбе барои иншои беҳтарин дар бораи чаҳор духтари донишҷӯяш барандаи ҷоизаи Созмони Милали Муттаҳид шуд (видео)
- Осиё: қарз барои мурғ ва эътироз бо дастони завлонабанд. 28 ноябр. Дар Қазоқистон сӯзишвории дизелӣ камчин шуд. Бонкҳои Ӯзбекистон сармоягузории соҳибкоронеро қатъ карданд, ки бо тавсияи президент тасмим гирифтанд, мурғу лимӯ парваранд. Рӯзноманигори қазоқ дар эътироз ба қабули қонуни нави ВАО дастони худро бо завлона баст. (видео)
- Эътилофи исломии мубориза бо терроризм дар Риёз ситод бунёд мекунад. (видео)
- Интизориҳои бузург аз фазои нави соҳибкорӣ дар Ӯзбекистон. (видео)
- Бабр ду кӯдакро маҷруҳ кард. Дар Чин бабре аснои ҳунарнамоӣ дар сирк фирор карда, ду кӯдакро маҷруҳ намуд. (видео)
- Вазир ба истеъфо рафт, эътирозгарон ба хонаҳояшон. Баъди эълони истеъфои вазири адлияи Покистон эътирозгарони исломӣ мувофиқат карданд, ки гирдиҳамоияшонро хотима бахшида, шоҳроҳи Исломобод Равалпиндиро боз кунанд. (видео)
- Чи гуна Қирғизистон барои як фаронсавӣ кишвари имкониятҳо шуд. Ян Ле Коз дар Қирғизистон як соҳибкори комёб шуд. Соҳиби яке аз нахустин фурӯшгоҳҳои шароб ва тарабхонаи шаҳри Бишкек як сол пеш ширкати машваратиеро таъсис дод. Ян нақша дорад, ки хидматрасонии чархболҳо ва истеҳсоли шароби себро ба роҳ монад. (видео аз Директ)
- Бозорқурғон. Сокинони маҳаллӣ бо нирӯи худ 2 мактаб сохтанд. (видео аз Қирғизистон)
- Дар Ӯш мавсими 99-уми театри ӯзбекӣ оғоз шуд. (видео аз Қирғизистон)
- Дар Қазоқистон аз пеш омадани буҳрони сӯзишворӣ дар ҳаросанд. (видео аз Директ)
- Ҷавонтарин роҳбарони сиёсӣ. Себастян Куртси 31-сола соли ҷорӣ садри аъзами Австрия интихоб ва ҷавонтарин роҳбари сиёсии ҷаҳон шуд (видео аз Директ)
- "Хоҳиш мекунам, фаҳмонед, ки ман чи кори бад кардам?" Таърихшиноси ихроҷшудаи лаҳистонӣ мехоҳад, ба Русия баргардад. Мақомоти Русия бидуни шарҳ аз таърихшиноси лаҳистонӣ Генрих Глемботский хостанд, ки зуд ин кишварро тарк кунад. (видео аз Директ)
- Рӯзноманигори боздоштшудаи украин дар Белорус ба ҷосусӣ айбдор шуд. Мақомоти Белорус Павел Шаройкоро расман ба ҷосусӣ айбдор карданд. (видео аз Директ)
- Ҷангиёни Нирӯҳои мусаллаҳи Украина "Гном", "Добрий" ва "Псих" нақл карданд, ки ду деҳаро дар Донбасс чи гуна тасарруф карданд. (видео аз Директ)
- Улюкаев бори нахуст дар бораи вохӯриаш бо Сечин муфассал суҳбат кард. Вазири пешини рушди иқтисоди Русияро ба гирифтани $2 млн порра айбдор мекунанд. Додгоҳ бозпурсии ӯро имрӯз оғоз кард. Ба вай то 15 соли зиндон таҳдид мекунад. (видео аз Директ)
- Шамъи ёдбуд дар Қрим. Ёдоварӣ, он чи гуна буд. Чанд сол пеш хонандагони гимназияи Симферопол дар ҳамоиши умумиукраинии ёди қурбониёни Ҳолодомор иштирок карданд. Соли 2012 хонандагон ва омӯзгорони гимназия бо даргирондани шамъ хотираи қурбониёни гуруснагии солҳои 1932-33-ро гиромӣ доштанд. (нигористон)