Ссылки доступа

Мизбонии Ишқобод аз Чемпионати ҷаҳон оид ба вазнбардорӣ-2018


Кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалии вазнбардорӣ (IWF) қарор кардааст, ки мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон баргузор шавад. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуотии федератсия иттилоъ медиҳад.

Дар аввал қарор буд, чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Лиме, пойтахти Перу баргузор шавад. Вале моҳи ноябр ин кишвар аз мизбонии мусобиқа даст кашида, розӣ шуд, ки ҳаққи баргузории онро ба кишвари дигар диҳад.

Ба иттилои сомонаи Inside the games, мақомоти Перу ба далели омода набудани маҷмааи варзишии Сан-Исидро, ки қарор буд, мусобиқаҳо дар он баргузор шаванд, аз мизбонии чорабинӣ даст кашидаанд.

Туркманистон моҳи сентябри соли равон V Бозиҳои осиёиро баргузор кард. Бино ба арзёбиҳои гуногун, мақомоти ин кишвар бар ивази 10-15 миллиард доллар иншооти варзишӣ бунёд кардаанд. Баъзе аз ин иншоот аз нигоҳи бузургӣ ба китоби рекордҳои "Гиннесс" ворид шуданд.

XS
SM
MD
LG