Ссылки доступа

Духтари хурдии Назарбоев баъди филмбардорӣ ба муҳити зист машғул шуд


Духтари хурдии президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев Алия раиси Эътилофи созмонҳои экологӣ шуд.

"Бо назардошти ҷиддият ва душвории ҳалли масъалаҳо, мо аз Алия Назарбоева даъват кардем, ки Эътилофро роҳбарӣ кунад. Вай дар бахши барномаҳои омӯзишии муҳитзистӣ дар кишвар таҷрибаи зиёд дорад", - гуфт раиси раёсати Эътилоф Айгул Соловева.

Эътилоф ба як "майдони ташкил ва пешбурди ташаббусҳои бонизоми экологӣ, тарғиби тарзи ҳаёти "сабз" дар Қазоқистон, таълими экологӣ ва рушди фарҳанги экологӣ" табдил хоҳад шуд.

Алия Назарбоева - духтари хурдӣ, севумин духтари президенти Қазоқистон аст. Вай ёвари мудири радиои "Европа+" буд ва чандин вазифаҳои дигарро иҷро кардааст. Вақтҳои ахир ба таҳияи филмҳо машғул буд.

XS
SM
MD
LG