Ссылки доступа

Беҳтарин тарҳи тиҷоратӣ дар Душанбе муайян шуд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 29-уми ноябри 2017 (HD)

- Робия бо чаҳор фарзандаш сарпаноҳ ёфт. Баъд аз нашри матлаби Радиои Озодӣ дар бораи зиндагии сангини Робия Муродова, модари чаҳор фарзанд, дар як хобгоҳи шаҳри Душанбе марди хайрхоҳе ба онҳо дасти ёрӣ дароз кард (видео)

- Беҳтарин тарҳи тиҷоратӣ дар Душанбе муайян шуд. Масрур Ақдодов аз шаҳри Хоруғ акнун имкон пайдо кард, ки тарҳи тиҷоратиашро амалӣ кунад. Лоиҳаи ӯ дар озмуни беҳтарин “бизнес-план” дар шаҳри Душанбе рӯзи 29-уми ноябр мақоми аввалро гирифт (видео)

- Судобаро сағирахона ба оғӯш гирифт. Тамошои рақси Судоба Сафарова, сокини 12-солаи Ёвон, бо куртаи чакан ва чеҳраи боз онҳоеро, ки як моҳ қабл акси ӯро бо осори латту кӯб дида буданд, ҳайрон мекунад. Зоҳиран зиндагиву таҳсил дар мактаб-интернати ноҳияи Ёвон вазъи рӯҳии ин духтари 12-соларо хеле тағйир додааст. Судоба ва додараш Мударриси 8-сола рӯзи 23-юми октябр аз хонаи амма ба тарбияи мактаб-интернат бурда шудаанд (видео)

- Раиси Бонки Миллӣ: 115 млн сомонӣ пули мардум баргардонда шуд. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, гуфт, ки “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” 115 миллион сомонӣ пули мардумро баргардондаанд (видео)

- Осиё: Президент иваз шуд, вале навбатпоиҳо монданд. Вазъ дар марзи Қирғизистону Қазоқистон боз бад шуд; вакилони қазоқ баъди нооромиҳои мардумӣ қонун дар бораи заминро тағйир доданд; дар Тоҷикистон чанд мансабдорро барои гӯшти зараровари мурғ дар бозорҳо барканор карданд (видео)

- Қиёми ҳомиёни ҳуқуқ бар зидди бисёрзании муфтии собиқ. Чубак-ҳоҷӣ Ҷалилов, узви Шӯрои уламо ва муфтии собиқи Қирғизистон, бо эълони инки зани дувум гирифтааст ва дигарон низ метавонанд аз амали ӯ пайравӣ намоянд, дар ин кишвари Осиёи Марказӣ баҳси доғеро ба по кард (видео)

- Обхезӣ пулро аз байн бурда, камаш 19 сокини ҷазираи Яваро ба ҳалокат расонд (видео)

- 50 рӯзи "муҳосира". Аз сахтар шудани санҷиш дар марзи Қазоқистон бо Қирғизистон 50 рӯз гузашт. Дар гузаргоҳҳои марзӣ 500-600 мошини боркаш навбат мепоянд. Ронандагон баъзан то як ҳафта навбати худро мунтазир мешаванд. Вазъ кай беҳбуд меёбад, ҳанӯз маълум нест. (видео аз Директ)

- Президенти Тоҷикистон мансабдоронро дар содироти гӯшти зарарноки мурғ айбдор ва барканор кард. (видеои Настоящее время)

- Навбатпоиҳо дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон тӯлонитар шуданд. (видео аз Директ)​

- Ҷеенбеков бо Путин вохӯрд​. (видео аз Директ)

- Президенти нави Қирғизистон дар Москва нахуст бо раҳбари КВН мулоқот кард. (видео аз Директ)​

- Оши Киев зидди қримӣ. Дар куҷо арзонтар аст? (видео аз Директ)

- Мақоми аввал аз нигоҳи допинг: оё варзишгарони рус имкони исботи бегуноҳии худро доранд? (видеои Настоящее время)

- Таҳдиди оилавӣ ба амнияти миллӣ. Чи гуна дар Украина "Сватов"-ро манъ карданд. Филми силсилавии "Сватов" акнун дар Украина манъ шуд. Мақомот мегӯянд, иҷозатномаи иҷораи он сохта аст. Ҳунарманди асосии филм Федор Добронравовро ба рӯйхати афроде ворид карданд, ки ба амнияти миллӣ хатар дорад. (видео аз Директ)

- Қодиров ва миллатгароёни Сербия. Чи гуна кӯшиши табаддулот дар Черногорияро ба раҳбари Чеченистон рабт доданд. (видеои Настоящее время)

- Мостар. Он замон ва ҳоло. Мостар, яке аз ёдгориҳои таърихии Босния ва Ҳерзеговина буд, ки қурбони ҷанги 9 ноябри соли 1993 шуд. Пули қадимӣ, ки соли 1566 дар давраи Усмониҳо бунёд ёфта буд, бо гулӯлаи тӯпхонаи хорватиҳо тахриб шуд (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG