Ссылки доступа

Бишкек аз намоиши филми Қазоқистон дар бораи Қирғизистон норозист


Аъзои иттиҳоди иҷтимоии "Айкол Ала-Тоо"-и Қирғизистон барои президенти пешини ин кишвар Қурмонбек Боқиев ду қуттӣ таҳпӯш фиристоданд. Фаъолон зидди намоиши филми ҳуҷҷатӣ дар бораи инқилоби апрелии Қирғизистон дар телевизиони "Хабар"-и Қазоқистон эътироз карданд.

"Телевизиони давлатии Қазоқистон бо нишон додани филми манфӣ дар бораи ҳодисаҳои моҳи апрели соли 2010 ба Боқиеви хунхор минбар дода, ба ин тартиб мехоҳад, ки чунин ҳодисаҳо дар Қазоқистон рух надиҳанд. Ҳамаи ин аз ноилоҷӣ анҷом дода мешавад. Дар анонси филм Боқиев мегӯяд, ки ҳар чӣ дар тан дошт, бо ҳамон берун рафт, ҳатто таҳпӯшашро гирифтанд. Аъзои иттиҳод ду қуттӣ таҳпӯш ҷамъ карданд, ки тавассути сафир мефиристанд", - хабар дод роҳбари иттиҳод, вакили пешин Мээрбек Мискенбоев.

Иттиҳоди мазкур бар ин назар аст, ки телевизиони Қазоқистон дар филм воқеияти инқилоби моҳи апрели Қирғизистонро таҳриф мекунад.

29 ноябр телевизиони "Хабар"-и Қазоқистон филми ҳуҷҷатии "Рисолати сулҳофар. Иштибоҳи қирғизӣ"-ро бахшида ба инқилоби 7 апрели соли 2010-и Қирғизистон нишон дод. Дар ин филм президенти пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев хотираҳояшро нақл кард. Вай гуфт, бовар дорад, замоне ба кишвараш бар хоҳад гашт.

7 апрели соли 2010 баъди эътирозҳои мардумӣ Қурмонбек Боқиев ҳамроҳ бо хонаводааш Қирғизистонро тарк кард. Дар ҳоли ҳозир вай дар Белорус зиндагӣ мекунад. Додгоҳи Қирғизистон ӯро ғоибона ба ҳабси абад маҳкум кардааст.

XS
SM
MD
LG