Ссылки доступа

Як зодаи Ӯзбекистон дар Москва баъди издивоҷи маъшуқаш худро оташ зад


Зодаи Ӯзбекистон дар шаҳри Москва баъди шунидани хабари издивоҷи маъшуқаш худро оташ зад. 80 дарсади ҷисми ин зан сӯхта, дар бемористон бистарӣ шудааст.

Бино бар навиштаи расонаҳои Русия, Дилфузаи 32-сола бо Сироҷиддин ҳанӯз дар Ӯзбекистон шинос шуда буд. Шаш сол пеш ин ду нафар барои пайдо кардани кор ба Москва рафтанд. Баъди нофаҳмиҳои хонаводагӣ зан бо писари ҳафтсолааш ба Ӯзбекистон баргашт. Мард баъди он бо як зани серфарзанд издивоҷ кард.

Дилфуза бо шунидани ин хабар ҳамроҳи писараш дубора ба Москва рафта, Сироҷиддинро пайдо кард. Мард ӯро бо ҷои хоб таъмин кард ва ваъда дод, ки маблағ ёфта ӯро дубора ба Ӯзбекистон мефиристад.

Сироҷиддин ҳамчунин ваъдаи таъмини фарзандашро дод. Вале Дилфуза ба рашку ҳасад тоб наоварда, дар сару рӯяш бензин пошида ва худро оташ зад.

Сироҷиддин талош кард, Дилфузаро наҷот диҳад. Ҳамсояҳо ёрии таъҷилӣ даъват карданд ва зану мардро ба бемористон бурданд.

XS
SM
MD
LG