Ссылки доступа

Мураббии тайландӣ барои вуруд ба толори занонаи эронӣ маҷбур шуд, ҳиҷоб пӯшад


Дар ҷараёни Бозиҳои қаҳрамонии Осиё оид ба кабаддӣ мураббии дастаи занонаи Тайланд Сомпрач Пончу ба хотири ҳамроҳӣ кардани варзишгарони худ дар толор маҷбур шудааст, ҳиҷоб пӯшад. Дар Ирон ворид шудани мардон ба толорҳои занона манъ аст.

Федератсияи кабаддии Эрон барои ин "ҳодисаи ғамангез" узр хоста, амали мураббии тайландиро маҳкум кардааст. Дар изҳороти федератсия омадааст, ки иштирокдорони бозиҳоро қаблан дар бораи қоидаҳои ҳиҷобпӯшӣ ва мамнуъ будани вуруди мардон ба толорҳои занона огаҳ карда буданд.

Федератсия гуфтааст, ки ҳангоми назорати аснод "каме саҳлангорӣ" шудааст, вале мураббии тайландӣ низ нозиронро фиреб додааст.

Сомпрач Пончу мегӯяд, касеро фиреб надодааст ва ба ӯ гуфтанд, ки агар мехоҳад, ба толор роҳ биёбад, бояд ҳиҷоб пӯшад. Мураббӣ дар суҳбат бо Радиои Фардо гуфтааст, ки аз ӯ хоста буданд, то ҳиҷоб пӯшад. Вале вай нагуфтааст, ки кӣ хоста буд.

Муҳаммадризо Мақсадуллоҳ, раиси Федератсияи кабаддии Эрон дар ин бобат шарҳи аҷибе додааст. Ӯ дар суҳбат бо хабаргузории ISNA гуфта, ки "аккос ба мураббӣ рӯймол дод, то ӯ тавонад ба толор ворид шуда, акс бигирад".

Бозиҳои қаҳрамонии Осиё оид ба кабаддӣ аз 22 то 27 ноябр дар шаҳри Гургони Эрон баргузор шуд. Дастаи Эрон баъди бохтани бозӣ ба тими Куриёи Ҷанубӣ натавонист ба даври ниҳоӣ роҳ ёбад. Дар давраи ниҳоӣ дастаи Ҳиндустон тими Покистонро шикаст дода, қаҳрамони Осиё шуд.

XS
SM
MD
LG