Ссылки доступа

Таркиши маргбор дар бинои пулиси Қӯрғонтеппа


Дар натиҷаи як таркиш дар Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа муфаттиш Муҳиддин Зоҳидзода ҷон додааст. Як манбаъ дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон гуфт, таркиш соати 18:00-и бегоҳи 1 декабр рух дод.

Дар ин ҳодиса як корманди дигари пулис низ захмӣ шуда, дар ҳоли ҳозир, бо нишонаҳои даридани пардаи гӯш дар бемористони ба номи Бӯрӣ Воҳидови Қӯрғонтеппа бистарӣ аст.

Ба гуфтаи манбаъ, таркиш ба ҳадде бузург буда, ки боми бинои шуъбаи пулиси шаҳрӣ осеб дидааст.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари рух додани таркишро дар ШКД-и Қӯрғонтеппа тасдиқ кард. Ӯ гуфт, "воқеан, таркиш рух дод ва як нафар кушта шудааст. Комисияи фаврӣ ба тафтиши ин ҳодиса шурӯъ кардааст ва бояд хулосаҳои онҳоро мунтазир шавем".

Аммо як манбаи дигар гуфт, капитан Зоҳидзода ба омӯзиши маводи кӯҳнаи таркандае машғул буд, ки кормандони ШКД ҷамъоварӣ карда буданд. “Ӯ бояд рақами онҳоро мушаххас карда, дар парванда қайд мекард. Аммо чӣ гуна ин таркиш рух додааст, маълум нест”, - афзуд ҳамсуҳбати мо.

XS
SM
MD
LG