Назди дарвозаи зиндон дар вилояти Алмато Матаевро наздикон, ҷонибдорон ва рӯзноманигорон мунтазиранд.
16 ноябр додгоҳи шаҳри Капшағайи вилояти Алмато дархости раиси зиндонии рӯзноманигорони Қазоқистонро дар бораи шартан аз зиндон раҳо шудан қонеъ кард. Ин қарор баъди он қуваи қонунӣ пайдо кард, ки додситон зидди он эътироз накард.
Вакилони дифоъи Матаев аз додгоҳ хостанд, ба синни нафақа расидан ва вазъи сиҳатии нафари таҳти ҳимояташонро ба эътибор бигирад.
Моҳи октябр соли гузашта Саидқозӣ Матаевро бо айби дуздии пулҳои буҷа, ки барои нашри фармоишҳои давлатӣ дар расонаҳо ҷудо шуда буд, шаш сол зиндонӣ карданд. Матаев ин айбҳоро дар додгоҳ рад карда буд. Писари Саидқозӣ Матаев - Асет Матаев, роҳбари хабаргузории КазТАГ низ бо айни ин айбҳо панҷ сол аз озодӣ маҳрум шуд. Муҳлати дархости озодии пеш аз муҳлат барои Асет ҳанӯз фаро нарасидааст. Наздикони Матаевҳо мегӯянд, Асет метавонад баҳори соли оянда бораи озодии пеш аз муҳлат дархост диҳад.