Намоишномаи "Назаркарда", ба гуфтаи муаллифаш, корнамоиҳои Раҳмонро аз замони интихоби ӯ ба мақоми раиси Шӯрои олӣ дар соли 1992 то имзои Созишномаи сулҳ дар Москва дар бар мегирад.
Матни нахустин намоиши театриро дар бораи Эмомалӣ Раҳмон Абдуғаффори Абдуҷаббор, раиси идораи робитаҳои байналмилалии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон навиштааст.
"Муаллиф ба ҳайси шоҳиди воқеаҳои солҳои навадум мушоҳидаҳои шахсӣ ва саҳифаҳои ҳассоси он айёмро ба риштаи тасвир кашидааст”, - гуфтанд дар вазорат.
Нахустин пйеса дар бораи Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле нашр гашта, ки қаблан дар бораи президенти Тоҷикистон даҳҳо шеъру китоб навишта шудааст. Ахиран вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар бораи Эмомалӣ Раҳмон матни сурудеро навишт, ки онро сарояндагони машҳури кишвар иҷро карданд.
Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳоло 65 сол дорад, 19-уми ноябри соли 1992 дар 40-солагӣ дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ – порлумони вақти Тоҷикистон раиси ин шӯро интихоб шуд. Баъдан ӯ дар интихоботи президентии соли 1994 бо пирӯзӣ бар рақибаш сафири вақти Тоҷикистон дар Русия Абдумалик Абдуллоҷонов ба мақоми раиси ҷумҳур расид.
Ӯ дар интихоботи президентии соли 1999 замони раёсати худро барои 7 соли дигар тамдид кард ва бо тағйири Қонуни асосӣ дар соли 2003 боз ҳаққи иштирокро дар ду интихоботи президентии дигари Тоҷикистон ба даст овард. Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, дар интихоботҳои президентии солҳои 2006 ва 2013 баранда шуд.