Ссылки доступа

Сармуҳаррири нашрияи "Ҳуқуқ" дар вилояти Суғд зиндонӣ шуд


Додгоҳе дар вилояти Суғд сармуҳаррири нашрияи маҳаллии “Ҳуқуқ” ва падари ӯро ба муҳлатҳои тӯлонӣ ба ҳабс маҳкум карда, вале иҷрои ҷазои падарро бинобар солхӯрдагии ӯ мавқуф гузошт. Мавқеи худи маҳкумшудаҳо ба ин қазия маълум нест.

Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов Ойбек Алиев, сармуҳаррири нашрияи хусусии “Ҳуқуқ” ва падари 70-солаи ӯ – Турсуналӣ Алиевро дар содир кардани ҷиноятҳои марбут ба “қаллобӣ” ва “тамаъҷӯӣ” муҷрим дониста, мутаносибан ба 8 солу 10 моҳ ва 6 соли ҳабс маҳкум кард. Вале бинобар нафақагир будани Турсуналӣ Алиев додгоҳ дар нисбати ӯ 2 сол муҳлати санҷишӣ таъин кард. Аз додгоҳи ноҳияи Расулов гуфтанд, ки қарори додгоҳ 1 декабр эълон шуд.

Таҳқиқи додгоҳ собит кардааст, ки падару писар бо роҳҳои “қаллобӣ” ва “тамаъҷӯӣ” молу мулк ва маблағҳои даҳҳо сокинро аз худ кардаанд. Масъулони додгоҳ мегӯянд, ҷинояти падару писар Алиевҳо бо "далелҳои қотеъ" ва бар пояи шаҳодати шоҳидон исбот шуд.

Ҳодисаи боздошти муассис ва сармуҳаррири нашрияи маҳаллии “Ҳуқуқ” – Ойбек Алиеви 43-сола ҳамроҳи падари кӯҳансолаш - Турсуналӣ Алиев дар маҳофили рӯзноманигории Тоҷикистон боиси гуфтугузорҳо гардида, вале ба гуфтаи созмонҳои рӯзноманигорӣ азбаскӣ “боздошти онҳо ба фаъолияти касбии рӯзноманигориашон дахл надорад”, онҳо аз бозтоби васеи ин мавзуъ ва ҳимояти ҳамкасби худ худдорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG