Бар пояи қарори ҳукумат, ин комисияро сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода раҳбарӣ карда, ба ҳайати он 19 намояндаи идораҳои давлатӣ, аз ҷумла муовини сарвазир Азим Иброҳим, раиси Кумитаи идораи замин ва геодезӣ Раҷаббой Аҳмадзода, муовинони вазирони умури хориҷӣ, адлия, муовини фармондеҳи нирӯҳои марзбонӣ шомил шудаанд.
Комисияҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба таъйин ва аломатгузории хати марзҳои давлатӣ соли 2000 таъсис ёфта буданд. Ду кишвар соли 2002 тавонистанд 84%-и хати марзҳои худро муайян ва моҳи октябри ҳамон сол Созишномаи марзиро ба имзо расонанд.
Қарор буд, масъалаи 16%-и боқӣ дар гуфтугӯи моҳи феврали соли 2012 баррасӣ шавад. Яке аз минтақаҳои баҳсӣ дар марзи ду кишвар обанбори нирӯгоҳи “Фарҳод” аст, ки солҳои 40-уми асри гузашта дар ноҳияи Спитамени Тоҷикистон бунёд шудааст. Вале он замон ҷаласаи серӯзаи комисияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон бенатиҷа анҷом ёфт.