Тағйирот ба тартиби додани визаи сайёҳӣ бар асоси қарори нави президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев аз 4 декабри соли ҷорӣ, ворид шудааст. Ин қарор дар доираи Барномаи чораҳои рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018-19 қабул шуд.
Барои шаҳрвандони хориҷе, ки мехоҳанд дар танҳоӣ сафар кунанд, акнун визаи ягонаи сайёҳӣ амал мекунад, ки 30 рӯз муҳлат дорад. Пештар аз ин шаҳрвандони хориҷӣ бо дарёфти визаҳои кутоҳмуддати сайёҳӣ (7 ё 15 рӯза) ба мушкил рӯ ба рӯ мешуданд.
Арзиши визаҳои сайёҳӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ 40 доллар аст. Ин дар ҳолест, ки пештар арзиши он 60 доллар буд.
Ба ҷуз ин, теъдоди сайёҳони дастаҷамъӣ аз 10 ба 5 нафар кам карда шуд. Ҳоло акнун 5 нафар метавонанд як гуруҳи сайёҳонро ташкил карда, барои тамошо ба Ӯзбекистон бираванд.