Сооронқулова дар ин бора дар саҳифаи Фейсбук изҳори назар кард. Ба навиштаи вай, сарфи назар аз пайгарди қонунӣ, бисёрҳамсарӣ дар Қирғизистон хусусияти умумӣ касб кардааст. Сабаби асосиаш ин аст, ки занҳо аз вуҷуди никоҳи дувум ба мақомот хабар намедиҳанд.
"Манъи қонунии бисёрҳамсарӣ тахсирбахш нест. Мутаассифона, бисёрҳамсарӣ на танҳо ба нафъи мардон, балки ба манфиати занҳо низ ҳаст. Бояд чораҳои дигари пешгирии ин падида андешида шавад. Барои мисол, шартномаи ақди никоҳ ба роҳ монда шавад. Агар мехоҳӣ зани дувум бигирӣ, барои ҳамсари аввал товони зарари маънавӣ бипардоз", - менависад Сооронқулова.
Баҳсҳо атрофи қонунигардонии чандҳамсарӣ дар Қирғизистон баъди он авҷ гирифт, ки муфтии пешини ин кишвар дар бораи доштани ҳамсари дувумаш хабар дод. Дар як навори видеоӣ муфтии пешин Чубак Ҷалилов аз мардони дигар хост, ки аз вай пайравӣ карда, ҳамсари дувум бигиранд. Бархе аз вакилони порлумон аз мақомот талаб карданд, ки гуфтаҳои муфтии пешин санҷида шавад. Баъди он Ҷалиловро ду маротиба барои бозпурсӣ даъват карданд.