Ссылки доступа

Дар шимоли Қирғизистон сокинон зидди истихроҷи ангишт тазоҳурот доранд


Дар вилояти Норини Қирғизистон сокинони маҳаллӣ зидди истихроҷи ангишт дар деҳаи Мин-Куш даст ба тазоҳурот заданд. Ба иттилои хабарнигори минтақавии Бахши қирғизии Радиои Озодӣ, эътирозгарон ду рӯз мешавад, роҳи кони ангиштро бастаанд. Ба гуфтаи онҳо, истихроҷи ангишт дар ин минтақа вазъи экологиро бад хоҳад кард.

Сокинони норозӣ 6 декабр бо намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва идораҳои давлатӣ вохӯрданд. Дар натиҷа ҷонибҳо тасмим гирифтанд, бо ташкили як комисия аз ҳисоби намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулода дараҷаи осеб ба муҳити зистро дар пайи истихроҷи ангишт бисанҷанд.

Дар кони Мин-Куш чанд ширкат, аз ҷумла як корхонаи муштараки Қирғизистону Чин ба истихроҷи ангишт машғуланд.

XS
SM
MD
LG