Ссылки доступа

Путин гуфт, дар интихоботи соли 2018 иштирок мекунад (видео)


Владимир Путин

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин номзадии худро ба мақоми президентии кишвараш дар интихоботи соли 2018 пешниҳод мекунад. Ӯ ин тасмими худро дар ҳамоише бахшида ба 85-солагии корхонаи "ГАЗ" дар Нижний Новгород эълом кард. "Макону баҳонаи беҳтарро барои эъломи тасмими худ намебинам", - афзуд Путин.

Соли 2017 борҳо аз Путин суол карда буданд, ки дар интихобот номзадиашро пешбарӣ мекунад, ё не, вале ӯ ҳамеша аз посух ба ин суол мегурехт. 6 декабр дар Анҷумани умумирусиягии ихтиёриён бори дигар ба вай ин суолро доданд. Путин гуфт, тасмими худро дар ин бобат "рӯзҳои наздик" эълом мекунад.

Владимир Путин 65 сол дорад. Ӯ Русияро аз соли 1999 ба ин тараф раҳбарӣ мекунад. Вай 13 сол президентӣ ва 4 сол ҳукумати Русияро раисӣ кардааст.

То ҳолo раиси Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский, бунёдгузори "Яблоко" Григорий Явлинский ва шореҳи телевизион Ксения Собчак аз омодагии худ барои пешбарии номзадияшон ба мақоми президентии Русия хабар додаанд.

Мухолифи рус Алексей Навалний низ мехоҳад, дар интихобот иштирок кунад, вале мақомоти Кремл мегӯянд, ӯ ба далели доғи судӣ доштанаш дар доираи парвандаи "Кировлес" наметавонад дар интихобот иштирок кунад. Навалний бо вуҷуди ин, маъракаҳои интихоботии худро идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG