Тавре дар Оҷонсии давлатии ҷавонон, фарҳанг ва варзиши Қирғизистон иттилоъ доданд, тасмими мазкур дар ҷаласаи кумитаи байнидавлатии ЮНЕСКО дар масъалаҳои ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар шаҳри Чеҷуи Куриёи Ҷанубӣ гирифта шудааст.
“Ин барои мардуми қирғиз як ифтихор аст. Мо ба тамоми ҷаҳониён бозии худро муаррифӣ кардем. Шомил шудани бузкашӣ ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО натиҷаи талошҳои чандинсола, аз ҷумла Бозиҳои ҷаҳонии аспдавонӣ аст”, - гуфтанд дар оҷонсӣ.
Масъулони оҷонсӣ мегӯянд, ки дар кумитаи ЮНЕСКО шомилшавии бозии мазкурро аз номи Қирғизистон якдилона ҷонибдорӣ кардаанд.
Ёдрас мешавем, соли 2015 Қирғизистон пешниҳод карда буд, ки бозии аспсавории "Кок бору" ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шавад.