Ссылки доступа

Даъват ба кумаки ройгони вакилони дифоъ дар Тоҷикистон (видео)


Абдуқаюм Юсуфов, узви Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистон аз вакилони дифоъ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар даъват кард, ки рӯзи 8 декабр ба сокинони кишвар хидмати ройгони ҳуқуқӣ расонанд. Даъвати Юсуфов рӯзи панҷшанбе тавассути иттиҳод ва шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд.

"Бештари сокинони кишвар, бахусус онҳое, ки маоши кам мегиранд, тавони гирифтани машварати ҳуқуқии лозимии худро надоранд. Бинобар ин, аз ҳамкорон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ даъват кардам, ки ба ниёзмандон кумак кунанд", - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи вай, агар ҳар вакили дифоъ рӯзи ҷумъа ду нафарӣ қабул кунанд, пас беш аз ҳазор сокини кишвар машварати ҳуқуқии ройгон дарёфт хоҳанд кард.

Бархе аз аз ҳомиёни ҳуқуқ ва созмонҳо ин пешниҳодро пазируфта, барои расонидани машварати ройгони ҳуқуқӣ изҳори омодагӣ намуданд. Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ва яке аз вакилони дифои машҳури кишвар гуфт, тайи таҷрибаи кории худ бо қазияҳои зиёде дучор шудааст, ки зарурати кумаки ройгони ҳуқуқиро дар миён мегузорад.

"Ҳар ҳуқуқшинос мувофиқи иродаву виҷдони касбии худ амал мекунад ва медонад, ки бисёриҳо барои расидан ба ҳақиқат фақат пул надоранд, ки вакили дифои хубе бигиранд. Ман дар таҷрубаи адвокатии худ ба ҳар корафтода як рӯз хидмати бепул анҷом медиҳам. Албатта, пешниҳоди Юсуфов хуб аст, вале ҳадди ақал ҳар ҳафта як дафъа ё ҳар моҳ як бор кумаки ройгони ҳуқуқӣ дода шавад, беҳтар аст", - афзуд ӯ.

Як рӯз кумаки ҳуқуқии бепул дар Тоҷикистон дар остонаи таҷлил аз рӯзи ҷаҳонии дифоъ аз ҳуқуқи инсон сурат мегирад. Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи инсон ҳар сол 10-уми декабр таҷлил мешавад.

XS
SM
MD
LG