Ссылки доступа

Баҳс сари қонуни матбуоти Қазоқистон ҳамоно идома дорад


Дар Қазоқистон рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ аз порлумони ин кишвар даъват доранд, ки лоиҳаи қонуни баҳсбарангез дар бораи ВАО-ро ба тасвиб нарасонад. Онҳо мегӯянд, баъзе аз бандҳои лоиҳа ба фаъолияти рӯзноманигорӣ монеа эҷод мекунад.

Дар муроҷиатномаи созмони ҳимоят аз матбуот -- "Одил соз" фаъолон аз вакилони сенат ё палатаи болоии порлумони Қазоқистон хостаанд, ки "пешниҳоди вазорати иттилоот ва коммуникатсияи ин кишварро барои таҳияи лоиҳаи нави қонун дар бораи ВАО ҷонибдорӣ кунанд.

Тарҳе, ки маҷлиси порлумони Қазоқистон 22 ноябр қабул кард, ворид кардани баъзе аз истилоҳҳоро дар назар дошта, рӯзноманигоронро вазифадор мекунад, то пеш аз нашри маълумоти шахсӣ, хонаводагӣ, бонкӣ ва дигар иттилои сиррӣ розигии қаҳрамони матлабро ба даст оранд.

Ҳамчунин муҳлати посухи идораҳои давлатиро ба дархости хабарнигорон чанд баробар бештар мешавад. Қонуни нав аз соҳибони сомонаҳои Қазоқистон талаб мекунад, то шахсияти шореҳони матлабҳои худро муайян кунанд.

"Лоиҳаи қонун соҳибони сомонаҳоеро, ки корбарон метавонанд дар онҳо иттилои худро паҳн кунанд, вазифадор мекунад, то дар ҷорӣ кардани сензура ва чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар шабакаҳои мухобиротӣ иштирок кунанд", - гуфтаанд муаллифони муроҷиатнома.

XS
SM
MD
LG