"Се фарзандам мактаб мехонанд ва бояд ҳар моҳ сехалтаӣ ангишт ё 60 ҳазор сӯм супорам. Агар ин талаботро иҷро накунем, фарзандони моро дар назди ҳамсабақонашон паст мезананд. Чаро мақомоти маҳаллӣ ба вазъи мактабҳо аҳамият намедиҳанд? То кай тамоми хароҷоти мактабро мо бояд диҳем?", - мегӯяд як ҳамсуҳбати мо бо номи Зоҳидхон аз Андиҷон.
Масъулони мактабҳо тасдиқ мекунанд, ки чунин дархост аз хонандагон ҷой дорад, вале мудири яке аз мактабҳои Андиҷон гуфт, ин талаб иҷборӣ нест ва раҳбарияти мактабҳо низ барои кумак ба волидоне муроҷиат мекунанд, ки шароити беҳтар доранд.
"Ин талабот барои он аст, ки хонандагон дар синфхонаҳои сард нанишинанд. Падару модарон бидуни эътироз ба мо кумак мекунанд. Зеро дар инҷо фарзандони онҳо дарс мехонанд. Мо ҳам маҷбурем, ин корро кунем, чунки зимистон аст", - афзуд мудир.
Ёвари раиси вилояти Андиҷон хабари ҷамъоварии ангишту ҳезум аз хонандагонро дар мактабҳои ин вилоят рад кард. Ӯ гуфт, "мо газ дорем ва ҳама онро истифода мебаранд".