“Онҷо одамон бисёр буданд, ягон кас надаромад. Ман либосҳоямро кашида, ба даруни об даромадам. Шишаи мошини духтарро шикастам ва ӯро аз об берун овардам", - афзуд ӯ. Табибон ба ӯ гуфтаанд, ки “агар духтар 1 ё 2 дақиқаи дигар дар дохили об мемонд, ҳалок мешуд.”
Маъмурони наҷоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ба Собир ташаккур гуфтаанд, ки далерӣ нишон дода, вазифаи онҳоро анҷом додааст. Вале Собир аз амалкарди расонаҳои Русия норозӣ буда, мегӯяд, матбуоти Русия ҳама чизро нишон дод, вале на номи ӯро гирифт ва на гуфт, ки вай як муҳоҷири тоҷик аст.
“Пеш аз наворбардорӣ, ному насабамро навишта гирифтанд. Ба ҳамааш ҷавоб додам, ки аз Тоҷикистон ҳастам, вале дар телевизион намедонам барои чӣ на номамро гирифтанд ва на гуфтанд, ки шаҳрванди Тоҷикистон ҷони духтарро наҷот дод. Рости гап, чизи мусбате нагуфтанд", – мегӯяд Хаспаллаев.
Собир Хаспаллаев 30 сол дошта, чанд сол мешавад, дар шаҳри Москва бо тиҷорат машғул аст. "Намедонам, он духтар чи ном дорад. Ба ман гуфтанд, ки духтар дар шифохона аст, агар хоҳӣ, пешаш рав. Вале гуфтам, муҳим он аст, ки ӯ наҷот ёфт", - изҳор дошт сокини Вахш.