Қарор аст, дар ин мулоқот ҷонибҳо "вазъи гуруҳи кории раҳоии боздоштшудаҳо, таслими ҷасади ҳалокшудагон ва ҷустуҷӯи бедаракшудаҳо"-ро баррасӣ кунанд.
"Иштирокдорон нақша доранд, масоили марбут ба фаъолияти минтақаҳои амнро баррасӣ ва дар бораи аз минаҳо пок кардани маконҳои таърихии Сурия, ки шомили рӯйхати мероси ғайримоддии ЮНЕСКО шудаанд, изҳороти муштарак нашр кунанд", - омадааст дар иттилоияи ВКХ Қазоқистон.
Кишварҳои ба истилоҳ кафил -- Эрону Русия, ҷонибдори ҳукумати Сурия ва Туркия, ки аз мухолифони Димишқ ҳимоят мекунад, охирҳои моҳи октябри соли равон дар даври 7-уми гуфтугӯҳои Остона бо нашри як изҳороти муштарак гуфтанд, ҷонибҳои даргир бояд "чораҳои эътимодбахш" биандешанд.
Раҳбари ҳайати ҳукумати Сурия 31 октябр дар як нишасти хабарӣ гуфт, Димишқ ҳузури низомиёни Туркияро дар вилояти Идлиб "таҷовузи қаламрави худ" медонад.
Санаи гуфтугӯи навбатӣ рӯзи боздиди президенти Русия Владимир Путин аз пойгоҳи низомии Хмеймими Сурия эълом шуд. Путин баъди эълони шикасти гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" дар Сурия дастур дод, ки қисми бузурги низомиёни кишвараш ба ватан баргарданд.
Чаҳор нукта дар бораи амалиёти Русия дар Сурия: