Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, Галина Кучеренко 15 рӯз ҳабси маъмурӣ шудааст. Вай 7 декабр боздошт шуд ва дар бораи сарнавишти вай то дирӯз иттилое мавҷуд набуд.
Кучеренко дар асоси шикояти ҳамсояҳояш боздошт шудааст. Ҳамсояҳо аз ҳайвонҳои хонагӣ - гурбаву саги Кучеренко шикоят кардаанд. Рӯзи 7 декабр афроди ношинос дари манзили Кучеренкоро шикаста, ӯро ҳамроҳи духтараш ба самти номаълум бурданд.
Созмонҳои байналхалқӣ аз боздошти Кучеренко изҳори нигаронӣ карданд.