- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 13-уми декабри 2017 (HD)
- Сарнавишти норӯшани Каромат Шарипов баъди ихроҷаш ба Тоҷикистон.Каромат Шарипов, раҳбари “Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик”-ро, ки бо қарори додгоҳи Русия аз ин кишвар ихроҷ шуд, шаби гузашта ба Тоҷикистон фиристодаанд. Манобеъ гуфтанд, Шарипов соати сеи шаб ба фурудгоҳи Кӯлоб расид (видео)
- Русия шаҳрвандони ОМ-ро бо гумони терроризм боздошт кард. Раҳбари Хадамоти амнияти Русия Александр Бортников гуфт, ки оҷонсии таҳти назари ӯ "ҳалқа"-и тундравонро хунсо кард, ки барнома доштанд, дар ҷараёни таътилоти солинавӣ ва маъракаи интихоботи президентии соли 2018, амалиёти террористӣ анҷом диҳанд (видео)
- Бедодгарии ДИ дар Ҷузҷони Афғонистон. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки қасд доранд, амалиёти бузургеро барои поксозии се вилоят Сарипул, Форёб ва Ҷузҷон аз ҳузури ҷангҷӯёни Давлати исломӣ оғоз кунанд. Давлат Вазирӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон гуфт, сарфи назар аз миллият ҳамаи ҷангҷӯёнро нобуд хоҳанд кард (видео аз Директ)
- Осиё: Рӯзи чоруми корпартоии нақбканон дар Қазоқистон. Нақбканони қазоқ мегӯянд, ВКД барои мубориза бо онҳо ОМОН-ро фиристодааст. Қирғизистон чор осоишгоҳро ба Ӯзбекистон баргардонд. Ба раҳбари дастаи ҳозирҷавобони тоқик барои ришва надодан ба мақомоти маҳаллӣ 21 соли зиндон таҳдид мекунад. (видеои Настоящее время)
- Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қазоқистон менависанд, ки ВКД барои мубориза бо нақбканони норозӣ ОМОН-ро фиристод. (видеои Настоящее время)
- Волидони кӯдакони маъюб аз табиби австралӣ хоҳиш доранд, барои ҳамеша дар Қирғизистон бимонад. (видеои Настоящее время)
- Сокини Ботканди Қирғизистон бо лимонфурӯшӣ рӯз мегузаронад (видео)
- Сафари президент Ҷээнбеков ба Тошканд (нигористон)
- Ҳудуди 700 нақбкан чаҳор рӯз аст, дар Қарағанда аз зери замин берун намебароянд. (видео аз Директ)
- Сохтмончиёни иншооти EXPO ҳоло ҳам талаби маош доранд (видео)
- Саакашвилӣ: «Президенти Украина бояд украин бошад». (видео)
- Воробев: сайёҳони аврупоӣ аз сафар ба Қирғизистон наметарсанд. Қирғизистон узви комилҳуқуқи Федератсияи байналхалқии эътилофи сайёҳати куҳӣ шуд (видео)
- "Роснефт" зидди "Система": агар Сечин Евтушенковро ранҷонад, чӣ мешавад? "Роснефт", ки онро Игор Сечин раҳбарӣ мекунад, талош дорад, бузургтарин ширкати ғайридавлатии Русия – "Система" муфлис шавад. (видео аз Директ)
- "Ватан" дар миёни оташ: деҳаҳои сӯзони Данила Ткаченко. Гузориши аксии "Ватан"-и рассом Данила Ткаченко баҳсҳоеро ба миён овард. Муаллиф хонаҳои қадимӣ ва партофташударо нахуст оташ зада, баъдан акс мегирифтааст. (видео аз Директ)
- Сафири ИМА дар Чехия дар бораи нақши худ дар моҷарои Уотергейт. Сафири нави ИМА дар Чехия Стивен Кинг дар суҳбат бо "Настоящее Время" гуфт, далелҳои матлаби Newsweek дар бораи нақши ӯ дар моҷарои Уотергейт ҳақиқат надоранд. Вале иқрор мекунад, ки дар маҳалли ҳодиса ҳузур дошт.
- Таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Австрия (нигористон)