Ссылки доступа

Ду рӯзноманигори Reuters дар Мянмар боздошт шудаанд


Ҳукумати Мянмар рӯзи чаҳоршанбе хабар дод, ки пулис ду рӯзноманигори хабаргузории Reuters - Ва Лоун ва Киав Со Ооро боздошт кард. Ин рӯзноманигорон дар бораи таъқиби мусалмонҳои роҳинҷа дар аёлати Ракин матлаб таҳия мекарданд. Дар натиҷаи таъқиби низомиён наздики 650 ҳазор мусалмон ба Бангладеш фирор карданд.

Вазорати иттилооти Мянмар дар саҳифаи Фейсбук хабар дод, нисбати ду рӯзноманигор ва ду пулис бар асоси қонуни сирри давлатӣ айб эълон шуд, ки ин қонун ҳанӯз дар даврони истеъмории Бритониё қабул шуда буд. Муҳлати ниҳоии ҷазо бар асоси қонуни соли 1923 14 сол аст.

Рӯзноманигорон "ғайриқонунӣ иттилоъ ҷамъ оварда, ният доштанд онро дар ихтиёри расонаҳои хориҷӣ гузоранд", омадааст дар изҳороти вазорати иттилоот. Онҳо дар наздикии шаҳри асосии Мянмар - Рангун боздошт шуданд.

Ва Лоун ва Киав Со Оо баъди он нопадид шуданд, ки шоми рӯзи сешанбе кормандони пулис онҳоро ба ғизои шом даъват карда буданд.

XS
SM
MD
LG